Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва оғози сохтмони иншооти зиёди дигар ба вилояти Суғд сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳраки Суғдиёни шаҳри Паҷакент оғоз ёфт. Дар ин ҷо бо иштироки сарвари давлат коргоҳи холисгардонии тилло дар назди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки Зарафшон ифтитоҳ ёфт. Таъкид гардид, ки ин нахустин коргоҳи холисгардонии тилло то дараҷаи 99,99% аст. Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба нахустин рехати 3 килограммаи тиллои холис рақами 1 гузошта шуд.
Тавре зикр гардид, ин коргоҳ бо иқтидори ҳозирааш метавонад дар як сол то 7 ҳазор килограмм тиллои холиси дараҷаи 99,99% истеҳсол намояд. Ба иттилои роҳбарияти корхона, дар оянда иқтидори он ба истеҳсоли то 10 ҳазор килограмм тиллои холис дар як сол расонда мешавад. Дар коргоҳи мазкур ҳоло наздики 70 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Дар назди ширкати муштараки Зарафшон, ҳамчунин сохтмони коргоҳи нави маъдантозакунӣ бо иқтидори шабонарӯзии коркарди 10 ҳазор тонна маъдан оғоз ёфт. Тибқи нақша, ин корхона то семоҳаи сеюми соли 2014 бояд ба истифода дода шавад. Дар ин корхона беш аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки то охири соли 2013 асосноккунии иқтисодию техникии сохтмони коргоҳи коркарди миси холис аз ҷониби ширкати муштараки Зарафшон ба итмом расонда мешавад. Ҳоло дар ширкати муштараки Зарафшон дар маҷмӯъ наздики 2300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 39 нафар шаҳрванди хориҷӣ фаъолият доранд.
Тавре таъкид гардид, то соли 2015 барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсолии ширкати муштараки Зарафшон иловатан зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда мешавад. То ин вақт тайи 6 соли кор дар кони Зарафашон ширкати чинии Зиҷин беш аз 210 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, ба буҷети кишвар 22 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст. Истеҳсоли солонаи тилло ҳоло ба 1 тонна расидааст. Тибқи нақшаҳои мавҷуда то солҳои 2014-2015 истеҳсоли тилло ба 4-5 тонна ва шумораи коргарон бояд ба 3 ҳазор нафар расонда шавад.




Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 декабри соли 2025
Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Барои дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста