Тибқи қарори баимзорасидаи раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, иҷлосияи навбатии чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум рӯзи 4-уми июл дар Душанбе даъват мешавад.

Тавре аз палатаи болоии парлумон хабар доданд,  ба рӯзномаи иҷлосия баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаҳои қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда «Дар  бораи минтақаҳои кӯҳии ҶТ», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» ва ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ва ғайра ворид шудаанд.

Қобили зикр аст, ки қонунҳои зикршударо соли равон палатаи поёнии парлумон қабул намуда, бояд аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ тасдиқ шаванд ва сипас барои имзо ба президент пешниҳод мешаванд.

«Ғайр аз ин, баррасии як қатор асноди ҳуқуқии марбут ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар назар аст», - афзуд сарчашмаи хабар.