Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжунро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ дастовардҳои назаррас ва муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишварро таъкид намуда, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф табодули назар карданд.

Ҳамзамон мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла баргузории як қатор чорабиниҳои сиёсиву иқтисодии байналмилалӣ дар ояндаи наздик дар қаламрави ду кишвари дӯст мавриди мубодилаи афкори ҷонибҳо қарор гирифт.