Ҷаласаи муштараки ҳарду палатаҳои парлумони Тоҷикистон, ки дар он санаи баргузории интихоботи президенти мамлакат эълон мегардад, рӯзи 30-юми август баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 15-уми август дар ин бора қарори дахлдор ба имзо расонидааст.

Ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон танҳо бо мақсади қабули қарор дар бораи эълони санаи баргузории интихоботи президент даъват карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки 31-юми августи соли 2006 дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон санаи интихоботи қаблии президенти мамлакат 6 ноябр эълон гардида буд.