Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ муовини Дабири кулли СММ ва муовини маъмури барномаи рушди СММ Ребека Гринспанро ба ҳузур пазируфт.

Т ибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳоди сиёсати хориҷӣ, зимни мулоқот оид ба ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои махсуси он, ки дар кишвар фаъолият доранд, мубодилаи афкор сурат гирифт. 

Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба масъалаи татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳо бо ин созмон табодули назар карданд. Гринспан раванди ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро таҷрибаи беҳтарин унвон кард. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи 2013 дар Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.