Нимаи дуюми рӯзи 20-уми август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Боковаро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқот Ирина Бокова ба сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медали «60 - солагии ЮНЕСКО»-ро тақдим намуд. Дар паёми расмии ЮНЕСКО дар ин хусус, аз ҷумла омадааст: “Бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг бо камоли мамнуният Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Медали ҷашнии "60-солагии ЮНЕСКО" сарфароз мегардонад”.
Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардидан бо ин мукофоти боэътиборро боиси шарафмандӣ номида, изҳор дошт, ки онро “пеш аз ҳама самараи заҳмату талошҳои пайвастаи тамоми мардуми куҳантамаддуни Тоҷикистон дар роҳи эъмору таҳкими пояҳои давлати навин ва эътибори он дар арсаи байналмилалӣ медонам”.
Аз баргузорсозии Ҳамоиши байналмилалии иҷрокунандагони мусиқии классикии “Шашмақом”, ворид намудани санаи 1150-солагии асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллои Рудакӣ ба Феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО, ворид кардани шаҳраки қадимаи Саразм ба феҳристи муссавараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва ба феҳристи Мероси табии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Боғи миллии Тоҷикистон-Кӯҳҳои Помир” арзи хушнудӣ карда шуд.
Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки барномаву ташаббусҳои дигари пешниҳоднамудаи Тоҷикистон низ дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла ба зарурати таъсиси Бунёди Фонди байналмиллалии ЮНЕСКО оид ба наҷоти пиряхҳо дар Тоҷикистон, ташкил ва гузарондани экспедитсияи 3-юм ба қаторкӯҳҳои Помир ва ворид намудани 3 ҳазор солагии Ҳисор ба Феҳристи ЮНЕСКО дар соли 2015 таъкид гардид.
Сарвари давлат аз имконот ва ҳавасмандии Тоҷикистон ба иштирок дар Барномаи байналмилалии гидрологии ЮНЕСКО ёдовар шуда, изҳор дошт, ки “мо метавонем мавзӯъи обро дар сохтори асосии он босамар ва фаъолтар пешбарӣ намоем”. Дар робита ба ин мавзӯъ пешниҳод гардид, ки бо мусоидати ЮНЕСКО дар назди Академияи Илмҳои Тоҷикистон Кумитаи Миллӣ доир ба масъалаҳои гидрология таъсис дода шавад.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста