- Бидуни тағйироти заминавӣ дар қонунгузории интихобот, бахусус қонун «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ», баргузории интихоботи озодонаву демократии сарвари давлат ғаййриимкон аст, - чунин ибрози андеша намуд дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ), вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов.
Дар ҳамин ҳол, ӯ бори дигар таъкид дошт, ки ҲКТ бидуни шубҳа дар маъракаи интихоботи президентии санаи 6-уми ноябр ширкат хоҳад варзид ва дар анҷумани ҲКТ, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи наздик доир мегардад, номзад ба мансаби президентӣ аз ҲКТ эълон мешавад.
«Ҳизби коммунистони Тоҷикистон тавассути иштирок дар интихоботи сатҳҳои гуногун уҳдадор аст, ки ба ҳамагон, бахусус ҷавонон барнома ва ҳадафу вазифаҳои худро шарҳ бидиҳад. Мо ба мардум фаҳмониданием, ки коммунистон чӣ мехоҳанд, ба гунае, ки Ленин соли 1917 ба мардум мақсад ва вазифаҳои болшевиконро шарҳ дод: «Сулҳ ба мардум, нон ба гуруснагон, фабрикаҳо ба коргарон, замин ба деҳқонон», - зикр кард Шабдолов.
Раиси ҲКТ мегӯяд, «мо барномаи дақиқе дорем, ки аз бунёди давлати хизматгор ба мардум, на баръаксаш иборат аст. Ин бояд давлате бошад, ки дар он дастгирии иҷтимоии аҳолӣ пурзӯр буда, ба бекорӣ хотима бахшида шавад ва мардум бо таҳсилоту хизматгузории ройгон таъмин бошанд».
Дар посух ба саволи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» оид ба арзёбии иштироки як қатор аҳзоби камшумор дар интихоботи кунунии президентӣ, Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки ин раванди маъмулии демократист.
«Тибқи таҷрибаи демократияи ҷаҳонӣ, сарфи назар аз ҷойгоҳ ва маъруфият миёни интихобкунандагон, аксари нерӯҳои сиёсӣ дар интихобот иштирок мекунанд ва бо ин ҳузури худ дар майдони сиёсӣ ё дигар арсаи ҷамъиятиро таъкид месозанд», - зикр кард пешвои коммунистони кишвар.
Дар ҳамин ҳол, Шабдолов ҳамчунин иброз дошт, ки истифодаи мафҳуми «камшуморӣ» нисбати ин ё он ҳизби сиёсӣ қобили қабул нест. «Моҳи октябри соли 1923 шумори болшевикони Русия ҳамагӣ 23 ҳазор нафар ва шумори эсерону меншевикон миллионҳо нафарро ташкил медод, вале мардум болшевиконро интихоб кард», - ёдовар шуд ӯ.
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар сафҳои худ имрӯз расман беш аз 45 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад, ҳарчанд ба андешаи Шабдолов, «коммунистон дар кишвари мо бамаротиб зиёдтаранд». «Ман чунин мешуморам, ки имрӯз касони ҷонибдори ҳақиқату адолат, баробарии иҷтимоӣ ва бародарии халқҳо ҳама коммунистонанд», - афзуд раиси ҲКТ.




Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста