Субҳи имрӯз, қабл аз оғози ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки ба ҳайси роҳбари кишвари нозир дар ин созмон ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ мавзӯъҳои гуногуни муносиботи дуҷониба ва минтақавию ҷаҳонии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба авзои кунунии Афғонистон таъкид дошт, ки ҳифзи амнияту субот ва ваҳдати миллию қавмӣ ва дар ин замина таъсис додани Ҳукумати Ваҳдати Миллӣ натанҳо барои мардуми азияткашидаи ин кишвар, балки барои кулли минтақа басо муҳим аст.
Атрофи роҳҳои татбиқи босамари нақшаю барномаҳои ҳамкории босамар, пурзӯр намудани иқтидори транзитии ду кишвар дар бахшҳои ҳамлу нақл ва энергетика гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҷрибаи ғании ҳамгироии босамари Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар самти нигаҳдории амнияту субот дар марзи муштараки давлатӣ ва мубориза бо қочоқи яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ва ҳам пешгирӣ аз терроризму экстремизм оянда низ идома хоҳад дошт.
Дар ин замина Сарвари давлати Тоҷикистон бар зарурати “боло бурдани нақши Комиссияи муштараки ҳамоҳангии сохторҳои амниятӣ ва марзии Тоҷикистону Афғонистон” таъкид намуд.
Ҳамчунин доир ба мавзӯоти ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар мавзӯъҳо табодули назар карда шуд.




Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста