Аз рӯи натиҷаҳои нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе як қатор аснод ба имзо расид.
Аз ҷумла, Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, қабул шуда, қарорҳои сарони кишварҳои узви СҲШ дар бораи меморандуми намунавии уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тасдиқи тартиби додани мақоми кишвари узви СҲШ, лоиҳаи Стратегияи рушди созмон то соли 2025, таҷлили ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бзурги Ватанӣ, тасдиқи муқаррароти рамзҳои СҲШ, тасдиқи маърӯзаҳои Дабири кулли СҲШ, Шӯрои сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва фаъолияти ин сохтор дар соли 2013 ба тасвиб расиданд.
Ғайр аз ин, миёни ҳукуматҳои кишварҳои узви созмон дар бораи фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳамлу нақли байнулмилалии автомобилӣ низ созишнома ба имзо расид.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар ин назар аст, ки нишасти СҲШ дар фазои созанда доир гардид. Зимни суханронӣ дар брифинг назди журналистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар кори нишаст сарони кишварҳои узви СҲШ, роҳбарони ҳайатҳо, меҳмонони фахрӣ, намояндагони як қатор созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ ширкат варзиданд.
Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори миннатдорӣ ба ҳамаи ҳозирин барои иштирокашон дар кори нишаст қайд кард: «Миёни мо баъзе масъалаҳои муҳиму ошкор оид ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар доираи созмон, мушкилоти рӯзмарраи дорои хусусияти минақавӣ ҳалношуда боқӣ мемонанд, вале қарори қабулшуда аз ҷониби мо оид тартиби додани мақоми давлати узви СҲШ дар таҳрири нав дар таърихи созмон саҳифаи нав боз кард».
Сарвари давлати Тоҷикистон мутмаин аст, ки боз як ҳадафи муҳими СҲШ таҳкими нуфузи созмон дар арсаи байнулмилалӣ аст, ки сол то сол мартабааш боло меравад. «Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки имконоти СҲШ хеле бузург аст ва вазифаи умумии мо истифодаи судманди он барои ҳамаи ҷонибҳо аст», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста