Имрӯз, 22 июли соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван И озими Хитой шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сафари мазкур, ки то 25 июл идома хоҳад кард, вохӯриҳои С.Аслов бо роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Хитой, узви Шӯрои давлатии Хитой Ян Чзечи ва бо роҳбарияти Кумитаи давлатии рушд ва ислоҳотии Чин дар назар аст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин тибқи барномаи сафар С.Аслов дар назди доираҳои илмӣ ва коршиносони системаи Академияи илмҳои иҷтимоии Хитой суханронӣ намуда, бо рӯзноманигорони Хитой мусоҳиба хоҳад кард.