Рӯзи аввали сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Дарвоз идома ёфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маркази ноҳияи Дарвоз деҳаи Қалъаи хумб Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои чорошёнаи хонаҳои истиқоматӣ ва филиали бонки ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” иштирок кард.
Баъди ифтитоҳи бинои чорошёнаи хонаҳои истиқоматӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия оғоз бахшид. Шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосии ба Вазорати маориф ва илм пешбинигардида бунёд мегардад. Фармоишгар - Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Пудратчӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дарвоз-Сохтмон»-и ноҳияи Дарвоз мебошад.
Сипас сарвари давлат ба деҳаи Даштаки ин ноҳия ташриф оварда, аз корхонаи коркарди санги “Карона - мармар” боздид ба амал овард. Корхонаи саноатии Карона - мармар аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ аз Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз сохта шудааст. Дар корхона зиёда аз 30 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Дар ҳудуди корхонаи Карона мармар президенти Тоҷикистон дар ифтитоҳи коргоҳи замонавии Карона - Гавҳарнигор иштирок намуд. Зимни шиносоӣ аз фаъолияти коргоҳ ба сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аз 75 намуд сангҳои гуногуни қимматбаҳо маҳсулоти ҳархелаи ороишӣ тайёр карда мешавад. Айни ҳол 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, пас аз фаъол намудани хатҳои нави истеҳсолӣ шумораи коргарон афзун мегардад.
Баъди ифтитоҳи корхонаи Карона - Гавҳарнигор аз деҳаи Даштак Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Умараки ин ноҳия омада, дар вазъияти тантанавӣ бинои Маркази омӯзиши ҳунарҳои кохи бонувон бо номи Меҳри модарро, ки барои 500 нафар пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ намуд.
Маркази бонувон бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Кохи бонувон аз 3 ошёна иборат буда, ба таври замонавӣ сохта шудааст. Дар он таълимгоҳ, корхонаи муосири дӯзандагии либосҳои миллию аврупоӣ ва коргоҳи қолинбофӣ ҷойгир карда шудааст.
Дар ноҳияи Дарвоз Эмомалӣ Раҳмон инчунин ошхонаи навбунёди қисми ҳарбии рақами 2711-и Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд. Бинои ошхона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ баҳри беҳбудии фаъолияти ҳайати қисми ҳарбӣ сохта шудааст. Он бо таври замонавӣ сохта шуда, тамоми таҷҳизот ва ашё ҷавобгу ба стандартҳои замони муосир ворид гардидааст. Ошхона барои зиёда аз 200 нафар афсарону сарбозон пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Дарвоз ифтитоҳ ёфт. Тавре маълум гардид, бино аз 2-ошёна иборат буда, ҳайати шахсии он 14 нафарро ташкил медиҳад. Барои фаъолияти кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия иншоот бо тамоми таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар маркази ноҳияи Дарвоз деҳаи Қалъаи хумб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ меҳмонхонаи шашошёнаи замонавиро ифтитоҳ кард. Меҳмонхонаи Карон Палас дар маркази ноҳия бо тарҳи замонавии меъморӣ бунёд шудааст.
Баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар ноҳияи Дарвоз дар маркази ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолон суҳбати самимӣ доир кард.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста