Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия нигарон буда, дар сатҳи дипломатӣ исрор хоҳад варзид, то ки мавқеъи Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни нишасти хабарии рӯзи 28 июл дар ин робита изҳор намуд, ки таҳримҳои ҷоришуда нисбати Русия таҳримҳо алайҳи тамоми кишварҳои узви ИДМ мебошанд.
«Аз рӯзи нахусти ҷорӣ шудани ин таҳримҳо мо дар чорабиниҳои гуногун мавқеъи худро оид ба муқобил буданамон изҳор намуда будем. Русия шарики стратегии мост ва ҳама гуна таҳрим нисбати ин кишвар, ки ба заъиф гардидани як бахше аз иқтисод боис мегарданд, барои кишвари мо ҳам таъсири манфӣ мерасонад», - қайд кард Аслов.
Ба гуфтаи ӯ, аз як тараф ин ба коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон ба оилаҳояшон боис гардида, аз ҷониби дигар, дар муомилоти мол бо Тоҷикистон Русия мақоми аввал дорад ва аз ин лиҳоз, ҳама гуна таҳримҳо ба муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо Русия таъсир мерасонанд.
«Ҳанӯз аз замони шӯравӣ мо бо Русия робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорем. Аз ин рӯ, ба ҷорӣ шудани таҳримҳо назари манфӣ дошта, дар сатҳи дипломатӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба садои мо низ шарикон аз Ғарбу Шарқ гӯш диҳанд», - гуфт Аслов.
Қобили зикр аст, ки таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири назаррас гузоштанд. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, танҳо семоҳаи аввали соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба андозаи 44% ё худ 364 млн. доллари ИМА кам шуд.




Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста