Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 11 январи соли 2016 бо вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат натиҷаҳои фаъолияти муштарак ҷиҳати татбиқи мувофиқаҳое, ки дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2015 дар Исломобод ҳосил шуданд ва инчунин самтҳои асосии ҳамкориҳои минбаъда дар арсаҳои мухталиф, ки ҷавобгӯи манофеи ду кишвар ва рушди тамоми минтақа мебошанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.