Раиси ду даъвати палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон (аз соли 2000 то соли 2010), собиқ муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев имрӯз, 10 август ба синни 72-солагӣ расид.
Дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо хабарнигори «Азия-Плюс» ӯ қайд кард, ки имрӯз ҳам худро узви дастаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мешуморад.
«Тамоми умр кӯшиш кардам, ки ба хотири ободии Тоҷикистону осоиштагии мардуми он кор кунам. Ҳангоми фаъолият ба ҳайси раиси палатаи поёнии парлумон ҳамеша паҳлӯи президент Эмомалӣ Раҳмон қарор доштам ва дар паҳлӯи ин фарзанди абармарди миллат талош варзидам, ки барои мардум ва сулҳу субот дар кишвар хизмат кунам», - таъкид дошт Сайдулло Хайруллоев.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ӯ ҳамчун шахси замоне наздик ба доираҳои кории президент, ба хубӣ огаҳ аст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои некӯаҳволии халқ ва рушди кишвар хизматҳои босазое кардааст. «Тоҷикистониён бояд президенти худ Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доранду аз ӯ ифтихор кунанд», - гуфт Хайруллоев.
Дар фарҷом номбурда таъкид намуд, ки ӯ ҳамчун нафақахӯр ва яке аз собиқадорони хизмати давлатии кишвар, ки «рӯйдоду воқеаҳои зиёди ҳам мусбату ҳам манфиро паси сар намудаааст, имрӯз хостори сулҳу осоиши абад ва ризоияти миллӣ дар сарзамини тоҷикон аст».
Қобили зикр аст, ки Сайдулло Хайруллоев аз соли 2010 (замони ба нафақа рафтан) то имрӯз роҳбарии Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳо ба кишварҳои хориҷии Тоҷикистонро бар дӯш дорад.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста