Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил санаи 16 сентябр дар шаҳри Бишкек доир мегардад, ки дар он иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ин ҷаласа имзои 13 лоиҳаи санадҳо дар бахшҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва таъмини амният ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа аз ҷумла қабули изҳороти кишварҳои узви ИДМ доир ба 25-солагии ИДМ ва 70-солагии анҷоми кори трибунали Нюрнберг, баррасии лоиҳаи қарорҳо оид ба эълони соли 2017 ҳамчун Соли оила, баргузории барномаи “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” соли 2017 дар Озарбойҷон, баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ дар марҳилаи то соли 2020 ва дигар масоили муҳими рӯзномаи ҷаласа дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории 24.kg дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ҳукуматдорони Қирғизистон баҳри қабули шоистаи меҳмонони олиқадр ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд. Дар қароргоҳи ҳукуматии “Ала-Арча” дар шакли юрта Хонаи нави қабули меҳмонон бунёд шудааст.




