Ҳафтаи оянда муовини вазири корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин, ки масъули муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳои узви ИДМ низ мебошад, ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Григорий Карасин санаи 9 ноябр ба Душанбе омада, сафари ӯ ду рӯз идома меёбад.
Григорий Карасин аз соли 2005 ба ҳайси муовини вазири корҳои хориҷии Русия фаъолият дошта, ба масоили муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳои узви ИДМ ва ҳамчунин кор бо ҳамватанон дар хориҷи кишвар масъул аст.
Васоити ахбори умум қайд мекунанд, ки Григорий Карасин шашумин сиёсатмадори воломақоми Русия аст, ки соли равон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Коршиноси тоҷик Абдулло Ҳабибов чунин мешуморад, ки имрӯз миёни Тоҷикистону Русия бахусус дар масъалаҳои сиёсати байнулмилалӣ, ҳамкории минтақавӣ ва амният мушкилоти ҳалношуда вуҷуд надоранд.
«Агар дар бархе аз масъалаҳо баҳсу нофаҳмиҳо ба миён ояд, онҳо базудӣ ҳаллу фасл мешаванд, зеро миёни Душанбе ва Маскав омили асосӣ - эътимод побарҷост», - гуфт ӯ.
Ба андешаи коршинос, барои густариши ҳамкориҳо бо Русия Тоҷикистон начандон фаъол аст. «Агар Душанбе дар соҳаҳои иқтисод, молия, ҷалби сармоягузорӣ натанҳо бо Маскав, балки бо минтақаҳои Русия низ фаъолона ба ҳамкорӣ шурӯъ кунад, натиҷа хеле хуб хоҳад буд», - мутмаин аст коршинос.
Дар ҳамин ҳол, ба ақидаи дигар сиёсатшиноси тоҷик, ки нахост номаш ифшо шавад, имрӯз дар роҳи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русия ду монеъаи асосӣ вуҷуд дорад, ки ба нофаҳмиҳо аз ҳарду ҷониб боис шуда метавонад.
«Ин монеъаҳо аввал, тасмими қотеъона надоштани Тоҷикистон дар масъалаи узвият ба Иттиҳоди иқтисодии Авросиё (ЕАЭС) ва дуюм, иҷро нашудани ваъдаи Русия ба Тоҷикистон дар масъалаи таҷдиди силоҳу муҳимоти артиши ҷумҳурӣ мебошанд», - афзуд сиёсатшинос.



