Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 14 ноябр бо сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Содиқ Имомӣ мулоқот доир гардид.
«Дар вохӯрӣ масъалаҳои суръат бахшидан ба ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба таъину аломатгузории марзи давлатии ҳарду кишвар ва тезонидани анҷоми расмиёти ҳуқуқии он баррасӣ шуданд», - иттилоъ медиҳад маркази матбуоти ВКХ Ӯзбекистон.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон, ба наздикӣ гурӯҳи кории Тоҷикистон оид ба таъин ва аломатгузории марзи давлатӣ бо Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд сафар мекунад. «Ҷонибҳо то охири соли равон ин масъаларо пурра ҳаллу фасл карданианд», - гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, масофаи марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистоон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки 105 километри он марзи обӣ ва 1227,9 километраш марзи заминӣ аст.
Мувофиқи созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар марзи кишварҳо 16 нуқтаи гузаргоҳ мавҷуд аст, ки 9-то он мақоми байнулмилалӣ ва боқимонда 7-тои он мақоми дуҷониба доранд. Чортои онҳо нуқтаи гузаргоҳ барои ҳаракати қатораҳои роҳи оҳан мебошанд.
Дувоздаҳ нуқтаи гузаргоҳ дар вилояти Суғд ва боқимонда 4-тои он дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода воқеъ мебошанд. Яке аз шохаҳои асосии роҳи автомобилгард ва қитъаи роҳи оҳан аз қисмати ғарбии Ӯзбекистон ба самти қисмати шарқӣ ва минбаъд ба Қирғизистон тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад.
Айни замон барои равуои шаҳрвандон ва қисман ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Турсунзода (гузаргоҳи «Дӯстӣ») ва дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд (гузаргоҳи «Фотеҳобод») ду гузаргоҳи дорои мақоми байнулмилалӣ фаъолият доранд.
То соли 2002 ҷонибҳо 86%-и хати убури марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро таъину аломатгузорӣ карда, ҳамон сол Шартнома дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расида буд



