Дар шаҳри Ҳамбурги Олмон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов санаи 7 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар сиғаи С5+1, ки бо ташаббуси Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри дар ҳошияи Иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баргузор гардид, иштирок намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба роҳҳои беҳтари баҳрабардорӣ аз абзорҳои С5+1, инчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.
Хабаргузории ТАСС менависад, дар мулоқот вазирони корҳои хориҷии 4 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳузур дошта, намояндаи Туркманистон иштирок накардааст.
Котиби давлатии ИМА вазиронро бо ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти кишварҳояшон табрик гуфта, ҷонибдории ИМА-ро ба ин шакли вохӯриҳо «ба сифати восита ҷиҳати корҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯйи масоили дорои хусусияти минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ» таъкид доштааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин ҳамин рӯз дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар ҳошияи иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли созмони мазкур Ламберто Занниер баргузор гардидааст.
Қайд мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА дар доираи се ченаки фаъолияти Созмон, аз ҷумла дар самтҳои вокуниш ба чолишҳои муосири амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, инчунин масъалаҳои умдаи рӯзномаи иҷлоси дарпешистодаи вазирон табодули афкор намуданд.




Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?
Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2026
Наврӯз - бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2026
Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон
Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста