Ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 1 сентябр таҷлил карда мешавад, ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз роҳбарони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ходимони намоёни давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ табрикоти самимӣ ирсол мегарданд Дар ин бора бо истинод ба Агентии миллии иттилоотии «УзА» АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар барқияи табрикотии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст:
«Муҳтарам Шавкат Миромонович,
Шумо ва ҳамаи ҳамватанони Шуморо бо ҷашни миллӣ — Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик мегӯям.
Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо саломатии бардавом, саодат ва дар корҳоятон муваффақиятҳои нав, инчунин ба халқи бародари ӯзбек сулҳи абадӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.
Дар тӯли солҳои истиқлолият Ӯзбекистон роҳи тӯлонии бунёди давлатдориро тай намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини болоравии некӯаҳволии мардум ва таҳкими нуфузи байналмилалии худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Махсусан дигаргуниҳое, ки имрӯз дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таҳти роҳбарии Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, ба амал омада истодаанд, таассуротбахшанд.
Тақвият ва густариши пайвастаи равобити дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамкории гуногунҷанба ҳамеша ҷузъи муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд ва мемонад.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир бо саъю кӯшиши муштараки ҷонибҳо ҳамкории пурсамари байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бемайлон рушд мекунад.
Итминон дорам, ки мо минбаъд низ бар асоси анъанаҳои чандинасраи дӯстӣ, некию ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила муносибатҳои шарикии стратегии ду кишварро ба манфиати халқҳои бародарамон, таъмини сулҳ, субот ва рушди минбаъдаи ҳамкории созанда дар минтақаамон ҳамаҷониба тақвият хоҳем дод”.
Ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба агентии иттилоотии давлатии Қирғизистон “Кабар”, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дирӯз ба президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барқияи табрикотӣ ирсол намуда,мардуми ин кишварро бо Рӯзи истиқлолият, ки 31 август таҷлил мегардад, табрик намуданд.
«Аз самими қалб ба Шумо саломатии бардавом, саодат ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият ва ба халқи бародари Қирғизистон осмони осоишта, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно дорам. Дар тӯли солҳои истиқлолият Қирғизистон ба дигаргуниҳои муҳим дар сохтори давлатӣ, таъмини рушди бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ ноил гашт. Мо ҳамеша аз ин дастовардҳои ҳамсояи наздикамон шод ҳастем ва ба таҳким ва густариши пайвастаи муносибатҳои дӯстонаи Қирғизистону Тоҷикистон ва ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати халқҳоямон аҳамияти калон медиҳем», — гуфта мешавад дар барқияи табрикотии президенти Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки муносибатҳои неки ҳамҷавории ду кишвар, ки анъанаҳои бойи таърихӣ доранд, минбаъд низ дар доираи шарикии созанда босуръат рушд хоҳанд кард.
“Бе ноноварони хона зиндагӣ душвор аст”. Аз қазияи пурсарусадои “ҷанҷол бо милисаҳо дар Истаравшан” як сол гузашт.
Ҷаҳон ҳамлаи охири Исроил ба Рафаҳро маҳкум кард. Нетаняҳу онро “иштибоҳи ғамангез” унвон кард
“Самбӯсаи косагӣ”. Дар куҷо ва бо чӣ қимат метавон пайдо кард?
Мавқеи Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет”-и Шабакаи байналмилалии буҷетӣ беҳтар шудааст
“Ҳуҷҷату хона надорем, куҷо худро дар қайд гузорем?”. Боздошту ҷаримаи шахсони бесарпаноҳ дар Суғд
Султон Валиев - вакили пешини парлумону раиси Ховалингу Восеъ даргузашт
Владимир Путин гуфт, робита бо Толибон зарур аст
Матвиенко муовини сарвазири Тоҷикистонро ба Форуми авруосиёии занон ба Петербург даъват кард
Дар Душанбе намояндагии Хадамоти шиносномавӣ - раводидии ВКД Русия боз шуд. Ин ба муҳоҷирони кории тоҷик чӣ медиҳад?
Дар Тоҷикистон боз раъду барқу борони сел дар назар аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста