Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 16 ноябр бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия Анн Линде мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавзӯъҳои меҳварии ин суҳбатро ташкил доданд.

Гуфта мешавад, давлатҳо ҳавасмандии худро ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маориф ва муҳити зист ва дар чаҳорчӯби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ баён намуданд.

Зикр мегардад, ки ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба тадбирҳои пешгирии паёмадҳои Covid-19 мубодилаи афкор карда, омодагии худро барои муборизаи муштарак бо ҳамагирӣ иброз намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.