Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Тоҷикистон аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ додситони вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидзода директори ин агентӣ таъин шудааст.
Хабари аз мақом барканор шудани Шерхон Салимзодаро як манбаъ дар Агентии назорати маводи нашъаовар ба "Азия-Плюс" таъйид кард. Гуфта мешавад Шерхон Салимзода ба далели расидан ба синни нафақа аз мақомаш барканор шудааст.
Ҳамчунин дар шабакаи фейсбук бархе аз корбарон Адҳам Маъмурзода, як корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро барои таъин шудан ба мақоми раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд табрик кардаанд. Гуфта мешавад раиси пешини шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода муовини аввали раиси шаҳри Душанбе таъин шуд.
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон то кунун дар бораи ин тағйирот маълумоте пешниҳод накардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста