Имрӯз, 18 декабр бо реҷаи видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор  мешавад. Ҷаласа таҳти раёсати Ӯзбекистон доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласа баррасии ваъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар доираи Иттиҳод дар назар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, инчунин баррасии масоили ҳамкории мутақобила дар муқовимат бо сирояти коронавирус, табодули назар оид ба масоили мубрами байнулмилалӣ ва минтақавӣ пешбинӣ шудааст.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ тасдиқ шуда, ҳамчунин аз қабули изҳороти муштарак ба муносибати 75-солагии таъсиси СММ, ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байнулмилалӣ ва як қатор асноди дигар интизорӣ меравад.

Гуфта мешавад, дар бораи раёсати дар ИДМ дар соли 2021 низ қарори дахлдор қабул хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.