Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои Oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар дидор бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода гуфтааст, ки "Тоҷикистон таҷрибаи хубе дар хатми ҷанги дохилӣ ва даст ёфтан ба сулҳу рифоҳ дорад ва метавонад Афғонистонро дар ин росто ҳамкорӣ намояд". Ин нуктаро Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар саҳфаи расмии фейсбукии худ навиштааст.
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо як сафари кории дурӯза имрӯз вориди Душанбе шуд ва пеш аз зуҳр бо Маҳмадтоир Зокирзода дидор дошт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода дар ин дидор гуфтааст, ки “густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад".
"Муссалам аст, ки кишварҳои мо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ моро водор месозад, ки ҳарчи бештар ҳамкории воқеан судманду фаррохро дар асоси манфиатҳои дуҷониба рушду густариш бахшем”.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамчунин навиштааст, ки Маҳмадтоир Зокирзода "ҳимояти Маҷлиси намояндагон ва кишварашро аз талошҳои сулҳ дар Афғонистон эълом кард". Ба навиштаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ онҳо ҳамчунин дар мавриди "талошҳои сулҳ, музокирот бо "Толибон", нақши кишварҳои минтақа дар таъмини сулҳ, сафарҳои минтақаӣ барои касби иҷмоъи минтақаӣ дар ҳимоят аз сулҳ ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳ дар Афғонистон ба тафсил суҳбат кардем".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста