Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси ҷирга)-и Шӯрои миллии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат ҷонибҳо дар фазои ҳусни тафоҳуми комил вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин мавзуоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар ин зимн Эмомаль ращмон аҳаммияти ҳамкории байнипарлумониро барои таҳким бахшидан ба равобити гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамҷавор таъкид карданд.
Дар иртибот ба вазъи имрӯзаи Афғонистон ҷонибҳо ба раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ки айни замон дар ҷараён аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон зарурати дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самарабахши истиқрори сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон қайд кард.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҷонибдории Тоҷикистонро аз иқдомот ва талошҳои пайвастаи ҳукумати Афғонистон дар ин ҷода иброз дошт.
Бо ишора ба дастгирии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон аз ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистони ҳамҷавор, президенти Тоыикистон аҳаммияти дар охири моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардидани ҷаласаи сатҳи баланди ҳамоиши “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”-ро, ки Тоҷикистон раёсати онро ба ӯҳда дорад, махсус таъкид кард.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт, минҷумла, бо инобати ҳамагирии Ковид-19, дар соҳаи тандурустӣ, иброз намуданд.
Ҳамзамон, ба зарурати таҳкими заминаи ҳуқуқии чунин ҳамкориҳо ва нақши парлумонҳо дар ин раванд ишора карда шуд.
Вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи амният зарурати тақвияти шарикии ду кишвар дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст
Чупик: "Аз пайи тоҷикон шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро ҳам ба Русия роҳ намедиҳанд"
Пуштибони Муъмину Лоиқу Бозор. Мирзо Турсунзода ва нақши ӯ дар адабиёт ва тарбияи истеъдодҳо
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
БИР ва фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста