Байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон рӯзи 11 март дар шакли маҷозӣ даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ баргузор шуд.
Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Токуда Шуичӣ роҳбарӣ карданд.
Гуфта мешавад, дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҷопонро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар тамоми арсаҳо пайваста ва ҳадафмандона густариш меёбанд. Дар ин замина аҳаммияти лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ мегарданд, таъкид гардид.
Тарафҳо ба зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” таъкид намуда, таҳкими ҳамкориҳоро дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба зарур шумориданд. Ҷонибҳо бо ишора ба аҳаммияти идомаи раванди сулҳ дар Афғонистон ба зарурати мусоидати ҷомеаи байналмилалӣ ба ин кишвар таъкид карданд.
Дар поёни ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Сомон Эйр” аз Хуҷанд ба Урумчӣ хатсайри мустақим роҳандозӣ мекунад
Огоҳии КҲФ аз обуҳавои номусоиди рӯзҳои наздик
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст
Чупик: "Аз пайи тоҷикон шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро ҳам ба Русия роҳ намедиҳанд"
Пуштибони Муъмину Лоиқу Бозор. Мирзо Турсунзода ва нақши ӯ дар адабиёт ва тарбияи истеъдодҳо
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста