Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд бо ҳамтои Бодкандияш Абдикарим Алимбоев дар чорроҳаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара аз субҳи имрӯз бар сари чанд масъалаи баҳсии марзӣ ба гуфтугӯ нишастаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ дар мулоқот баъзе тавофуқҳо ҳосил шудааст.
Гуфтушуниди ҷонибҳо дар пайи ҳаводиси ҳафтаҳои ахир дар мавриди таъмини зиндагии осоиштаи сокинони минтақаҳои марзӣ, ҳалли масъалаҳои тақсими оби полезӣ дар Маркази тақсими оби “Головной” ва “Хоҷабақирғон”, сохтмони иншоот дар минтақаҳои баҳсии марзӣ, боздошти сокинону ҷорвои онҳо сурат гирифтааст.
Музаффар Юнусов, сухангӯйи раиси вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт дар мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев инчунин роҳбарони сохторҳои қудративу идораҳои об ҳузур доштанд ба сари чанд масъалаи баҳсӣ дар марз ба тавофуқ расиданд.

“Фароҳам овардани шароити осоиштаи сокинонии марзии ду кишвар аз масъалаҳои асосӣ буд. Дар ҳалли мушкилоти оби полезӣ дар “Головной” ва “Хоҷабақирғон” мувофиқа ҳосил шуд, ки об аз руйи низоми мувофиқа шуда аз ҷониби Қирғизистон риоя ва ҷорӣ мешавад. Мувофиқа ҳосил шуд, ки дар минтақаҳои баҳсӣ ҳама гуна сохтмонҳо бе мувофиқаи ҷонибҳо иҷозат дода намешавад. Муаммоҳои боздошту нигоҳдоштани шаҳрвандон, гузаштани чорвои сокинон ба марз, ки давоми ду ҳафта ба миён омад аз ин баъд дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ, саривақт дар сатҳи ноҳиявӣ баррасӣ шуда ҳаллу фасл шавад.”

Инчунин ҷонибҳо дар мавриди тарғибу ташвиқӣ ҳаёти осоишта дар минтақаҳои марзӣ ба созиш омадаанд. Дар мулоқот ҷонибҳо сохтмони девор аз ҷониби як сокини маҳалаи "Учтеппа"-и деҳаи Оқсойи Қирғизистон дар минтақаи баҳси марзиро баррасӣ кардаанд. Рӯзи 14-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷараёни сохтмони ин девор навори видеоӣ нашр шуд ва дар пайи нигаронии сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ сокини Қирғизистон аз идомаи сохтмони девор даст кашид. Мақомоти тоҷик мегӯяд, аз ин ба баъд ба сохтмони ҳама гуна иншоот дар минтақаи баҳсӣ иҷозат дода намешавад.
Ҳоло гуфтушуниди ҷонибҳо идома дорад ва дар мавриди дигар тавофуқоти ин мулоқот баъдтар хабар хоҳем дод.




Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста