Бар пайи сафари расмии Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҳеч кадом онҳо дар мавриди масоили марзӣ нест. Ин дар ҳолест, ки мулоқоти як ба яки раҳбарони ду кишвар имрӯз бештар аз 5 соат тӯл кашид ва гуфта мешуд, ки яке аз масъалаҳои мавриди баҳс масоили марзӣ аст.
Раҳбарони ду кишвар дар поёни мулоқотҳояшон ба хабарнигорон гуфтанд, ки бар сари масоили аломатгузории марз, тиҷорату савдо ва дигар тарафҳои равобити ду кишварро суҳбат ва баҳсу баррасӣ кардаанд.
Ҳарчанд аз суҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмону ҳамтои қирғизияш маълум буд, ки масъалаи аломатгузории марз аз мавзуъҳои меҳварии гуфтугӯи онҳо будааст, вале онҳо дар бораи ҳеч гуна тавофуқе дар ин замина ба хабарнигорон нагуфтанд. Онҳо гуфтанд, ки талош мекунанд масъалаи аломатгузории марз аз роҳи гуфтугӯ идома ёбад.
Аз ҷумла дар фарҷоми ин сафар Изҳороти муштараки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид, ки матни он то кунун расонаӣ нашудааст.
Ҳамчунин ду созишномаи ҳамкорӣ, яке дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ миёни ниҳодҳои зидахли ду кишвар ва дигаре дар созишномаи ҳамкорӣ миёни хабаргузории давлатии Тоҷикистон "Ховар" ва хабаргузории давлатии Қирғизистон "Кабар" низ ба имзо расид.
Ҳамчунин Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои сиёсати ҷавонон ва ҳамкориҳо дар соҳаи хидмати давлатӣ ду Ёддошти тафоҳум имзо карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста