Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бевақтии шаби гузашта дар реҷаи видеоконфронс дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард.
Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни суханронӣ ӯ зикр кард, ки вазъи бе ин ҳам ноустувори замони муосирро рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши сатҳи таҳдиду хатарҳо, инчунин паҳншавии бесобиқаи бемориҳои сироятӣ боз ҳам мураккаб кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву башарӣ ва идораи давлатӣ гардидааст, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, вазъи буҳронии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон қариб 1400 километр сарҳади муштарак дорад, ҳукумат ва мардуми кишвари моро бетафовут гузошта наметавонад.
Ӯ изҳор дошт: “Ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст.
Аз сӯйи ҳаракати “Толибон” иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст.
Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд.
Мутаассифона, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин маврид сухане ҳам баён намекунанд.
Имрӯзҳо мо дар ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон шоҳиди нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ гардида истодаем.
Ба мардуми Панҷшер дастрасӣ ба озуқаворӣ, дигар маводи мавриди ниёзи аввалия, инчунин, кумакҳои башардӯстона баста шуда, ҳатто ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх то ҳол наметавонанд ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои башардӯстонаи худ ба минтақаи Панҷшер ворид шаванд”.
Ба ақидаи президенти Тоҷикистон, “вазъияти бавуҷудомада дар Афғонистон фоҷеаи гуманитарӣ ба ҳисоб меравад”.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки шиддати рӯзафзуни муборизаҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон омили дигари бештар ноамн гардидани вазъи сиёсиву амниятӣ дар кишвари ҳамсояи мо мебошад.
Бо дарназардошти ин ҳолат, роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистон аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар дониста мешавад.
Ӯ зикр кард, ки дар ин росто, тоҷикони Афғонистон низ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Дар ҳамин ҳол ӯ гуфт, Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунад.
“Вале бар ин боварем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад.
Яъне мо, зарур медонем, ки сохти давлатдорӣ дар он кишвар аз роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.
Зеро таъсиси ҳама гуна ҳукумат бидуни ба эътибор гирифтани манфиатҳои кулли мардуми Афғонистон метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор дар ин кишвар гардад.
Тайи ҷанги таҳмилӣ ва нооромии беш аз чилсола, ки мардуми Афғонистон барои ба вуҷуд омадани чунин вазъият гуноҳе надоранд, Афғонистон ба майдони бозиҳои геосиёсӣ мубаддал гардид ва аз оқибатҳои он тамоми ҷаҳон аз тариқи ҳодисаҳои мудҳиши сентябри соли 2001-ум хуб огоҳ аст.
Афғонистони ҷабрдида ва миллати ба мо дӯсту бародари он набояд дигарбора ба вартаи ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба тақдири қавму миллатҳои маскуни Афғонистон ва ҳамсояҳои он бетафовут набошад.
Чунки онҳоро роҳи дарози пур аз мушкилоти ҳарбиву башарӣ, ки дар натиҷаи қарори бемулоҳизаи баровардани нерӯҳои хориҷӣ аз ин давлат пайдо шудааст, интизор аст.
Мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошем ва минбаъд низ дар ин мавқеи хеш устувор хоҳем монд.
Дар ин робита, мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват менамоем, ки барои ҳарчи зудтар ва бо истифода аз роҳҳои мусолиматомез ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон чораҳои фаврӣ ва муассир андешад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки мардуми осоиштаи Афғонистон имрӯз бо даҳшат рӯ ба рӯ шудааст.
“Мо бояд дарк кунем, ки ин ҳолат аз берун ташкил ва ба мардуми Афғонистон таҳмил шудааст. Дар ин ҳолат, сухан дар бораи қатли оми мардуми осоишта, собиқ кормандони нерӯҳои амнияти миллӣ ва хизматчиёни давлатии Афғонистон меравад”, - илова кард президент.
“Гурӯҳҳои гуногуни террористӣ бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ дар Афғонистон мавқеи худро фаъолона мустаҳкам карда истодаанд. Ҳоло мо шоҳиди аз маҳбасҳо озод шудани ҳазорон аъзои ДОИШ, Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ мебошем.
Яъне ҷойи нигаронӣ ва таассуф аст, ки имрӯз Афғонистон дар роҳи бисёр хатарзои дигарбора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил ёфтан қарор дорад”, - изҳори нигаронӣ кард президент.
Ва дар идома илова намуд, ки Тоҷикистон, ки бинобар мавқеи ҷуғрофии худ дар хатти пеши муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ қарор дорад, бо идомаи саъю талошҳои худ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии онҳо дастгирии ҷомеаи ҷаҳониро дар ин раванд зарур мешуморад.
Дар бораи коронавирус
“Бемории КОВИД-19 ва мавҷҳои боз ҳам хатарноки паҳншавии он дар баробари таҳдидҳои амниятӣ ва мушкилоти умдаи зикршуда ҳамоно сабаби нигаронии мо мебошанд.
Ин беморӣ, ки дар ибтидо ҳамчун буҳрони соҳаи тандурустӣ шурӯъ гардида буд, ҳоло боиси буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки аҳаммияти ҳамдастии кишварҳо дар рафъи оқибатҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоии пандемия аз Нақшаи амали фарогири Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати вокуниш ба паҳншавии КОВИД-19 истиқбол менамояд.
Мо, инчунин, аз саъю кӯшишҳои созмону бунёдҳои мухталиф ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои дастрас кардани ваксина алайҳи ин беморӣ ва расонидани кумакҳои фавриву дарозмуддат ба давлатҳои узв пазироӣ мекунем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар бораи иқлим
Ба ақидаи сарвари ҷумҳурӣ, дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим низ монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.
Ӯ зикр кард, ки Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудуди он аз кӯҳистон иборат мебошад, дар баробари дигар кишварҳои минтақа аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба захираҳои обиву энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида истодааст, нигарон мебошад.
“Мутаассифона, кишвари мо дар натиҷаи офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола садҳо миллион доллари амрикоӣ зиён дида, дар аксар мавридҳо офатҳои табиӣ сабаби марги одамон ва аз байн рафтани инфрасохтори ҳаётан муҳим мешаванд”, - иброз дошт президент.
Хотиррасон шуд, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи ҳаво аз 13 ҳазор пиряхи дар кӯҳсори Тоҷикистон мавҷуда то имрӯз беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст.
Тибқи омори дастрас танҳо пиряхи Федченко дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир 11 километри мураббаъ, бо талафоти 2 километри мукааби ях коҳиш ёфтааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд ва 96 фоизи қувваи барқи худро дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мекунад.
Дар ин робита, ман ҳамчун узви гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди он пешниҳод намудам, ки соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад”, - гуфт ӯ.
Ба ақидаи президенти Тоҷикистн, таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид иқдоми дигаре мебошад, ки татбиқи он метавонад барои омӯзиши фарогир ва пешниҳоди роҳҳои муассири ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ замина гузорад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста