Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 21 октябр сафири тозатаъини Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенкоро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти мулоқот маросими супоридани нусхаҳои эътимоднома аз ҷониби сафири Беларус ба вазири корҳои хориҷӣ сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ҳамсуҳбатон ҳамчунин доир ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус мубодилаи афкор намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ба Виктор Денисенко дар амалисозии фаъолияти худ ба мақсади боз ҳам густариш додани робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус муваффақият орзу кард.

Ёдрас мекунем, ки 21 сентябр Александр Лукашенко, президенти Беларус Виктор Денисенкоро сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъин кард. То таъинот ба ин мансаб ӯ ба ҳайси муовини сардори Сарраёсат - сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Сарраёсати Русия, кишварҳои ИДМ ва ҳамгиройии авруосиёии ВКХ Беларус кор мекард.

Пеш аз Денисенко вазифаи сафирии Беларус дар Тоҷикистонро Олег Иванов бар уҳда дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.