Дуюмин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон пагоҳ дар пойтахти Эрон - шаҳри Теҳрон баргузор мешавад.
Дар ин бора Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон дар як нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Ин ҷаласа бо ҳузури чаҳор тан аз вазирони хориҷии кишварҳои Ӯзбекистон, Покистон, Туркманистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад", - изҳор доштааст Хатибзода.
Дар идома ӯ гуфтааст, ки вазирони хориҷии ду кишвар Русия ва Чин ба сурати маҷозӣ дар ин нишаст иштирок мекунанд.
Аммо вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то ҳол иштироки Сироҷиддин Муҳридинро дар ин нишаст расман тасдиқ ё рад накардааст.
Нишаст дар Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор мешавад ва раисҷумҳури ин кишвар ҷаласаро ифтитоҳ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар як изҳороташ гуфта буд, ки намояндаи Толибон дар ин нишаст ширкат нахоҳад кард.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста