Имрӯз дар Қасри миллат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба Афғонистон ҷаноби Томас Никлассонро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо перомуни муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону ИА ибрози андеша намуда, масоили таъмини амнияти минтақавиро аз ҷумлаи самтҳои муҳими шарикӣ донистанд.
“Дар ин зимн сатҳи баланди ҳамкориҳо дар мубориза алайҳи хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ, ки ба арзишҳои умумибашарӣ хавфи ҷиддиро ба бор овардаанд, таъкид гардид”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, Пешвои миллат бо изҳори нигаронӣ аз раванди афзоиши таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҳамчунин ҷиноятҳои киберӣ, рушди ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо шарикони байналмилалӣ дар ҷодаи муқовимати самарабахш ба онҳо муҳим арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо вобаста ба вазъи имрӯзаи низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ки ба ҳолати амниятии минтақа таъсири бевосита мерасонад, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳарчӣ зудтар афзоиш додани ҳаҷми кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро таъкид кард ва омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба барои расонидани кӯмак тавассути имкониятҳои логистикии худ изҳор дошт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста