Вазорати молияи ИМА Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое, ки тариқи онҳо молу маҳсулоти таҳримшуда метавонанд ба Русия ва Беларус интиқол дода шаванд, шомил кард.

Дар рӯйхате, ки аз ҷониби Шабакаи мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ (FinCEN) ва  Дафтар (Бюро)-и саноат ва амният (BIS)-и Вазорати молияи ИМА тартиб дода шудааст, 18 кишвар зикр шудаанд: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Бразилия, Гурҷистон, Ҳиндустон, Исроил, Чин, Мексика, Никарагуа, Сингапур, Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Тайван, Туркия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ.

Дар маълумоти Вазорати молия гуфта мешавад, дар баъзе ҳолатҳо маҳсулоти зери таҳрим қарордошта метавонанд қонунӣ ба ин ё он кишвар ба сифати ашёи хом барои истеҳсоли дигар маҳсулот содир карда шаванд. Лекин содироти минбаъдаи маснуот ва маҳсулоти тайёр ба Русия ё Беларус метавонад манъ карда шавад, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Фергана”.

BIS як қатор чораҳои қатъии назорати содиротро ҷорӣ намуд, ки дастрасии Русияро ба технология ва маҳсулоти муайн барои роҳандозии амалмиёти ҳарбӣ дар Укарина аз 24 феврали соли 2022 маҳдуд месозанд. Ин тадбирҳои назорат, пеш аз ҳама ба бахшҳои мудофиа, соҳаи аэронавигатсия ва кайҳон, фаъолияти баҳрии Русия равона гардидаанд.

Онҳо инчунин ҳадафҳои дигарро, аз қабили маҳдудиятҳо дар бахшҳои тавлиди энергия дар Русия, молҳои айшу фароғат, ки баргузидаҳо (элита)-и Русия аз он истифода мебаранд, дар бар мегиранд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки ИМА таҳримҳо нисбат ба Беларусро дар посух ба кумаки қобили мулоҳизааш ба талошҳои низомии Русия ҷорӣ кард.

Назорати нав барои содирот, интиқоли дубора (реэкспорт) ба Русия ва ҳамлу нақли дохилии молҳое, ки барои Русия пешбинӣ шудаанд ва аз ҷониби баъзе корхонаҳои ИМА дар хориҷа истеҳсол карда мешаванд, маҳдудиятҳои ҷиддӣ ҷорӣ мекунанд.

Ба таҷҳизоте, ки барои ҳадафҳои ҳарбӣ истифода бурда мешавад, нигаронии бештар изҳор мешавад.  Ин ҷо дар бораи қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймоҳо, низомҳои гидроакустикӣ, моҳвораҳо (антеннаҳо), низомҳои GPS, таҷҳизоти конҳои истихроҷи нафт ва дигар молу маҳсулот сухан меравад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.