Дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон аз 11 то 16 июл вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷараёни корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳои муштарак оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон омода шуданд.

Ҳайати тарафҳоро муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Азиммаҳмад Каримзода ва муовини директори Агентӣ оид ба кадастри нази Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон Тулқин Абдуллоев роҳбарӣ карданд.

Сурат: ВКХ ҶТ

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ протколи дахлдор ба имзо расида, тасмим гирифта шуд, ки вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон барпо мегардад.

Ёдрас мекунем, ки корҳои аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2019 пурра ба анҷом расида буданд.

Ҷонибҳо он замон дар бораи хатти гузариши марз ба мувофиқа расида, акнун дар натиҷаи аломатгузорӣ дар харитаҳо хатти дақиқи сарҳади байни давлатҳо ишора мешавад.

Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадоти муштарак зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид. Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад. Тӯли марзҳои заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.