Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 24-уми сентябр дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк суханронӣ карда, мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба масоили марзии кишвар бо Қирғизистон шарҳ дод. “Asia-Plus” нуктаҳои асосии суханронии Сироҷиддин Муҳриддинро барои хонандагон пешниҳод мекунад:
🔹Боиси таассуф аст, ки масъалаҳои ҳаллуфасли хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз таърих мерос мондааст, беасос ба Маҷмаи Умумии СММ кашида шуданд.
🔹Боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо нишон додани диди дурӯғини дур бурдани қӯшунҳо ва техникаи вазнини ҳарбӣ аз хатти сарҳад ва пинҳон намудани онҳо дар макони наздисарҳадии сукунати одамон аз созишҳои ҳосилшуда канор меравад. Аз ин лиҳоз, масъулияти сар задани дилхоҳ таниши навбатӣ дар хатти сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон пурра бар зиммаи Қирғизистон хоҳад буд.
🔹Дар натиҷаи пархошкории ҳарбӣ аз тарафи Қирғизистон зиёда аз 40 нафар кушта ва наздики дусад шаҳрванди мулкии Тоҷикистон захмӣ шуданд. Занҳои ҳомила, кӯдакону калонсолон, духтурон, инчунин мусулмонҳои ботақво – ширкаткунандагони маросими ҷаноза дар масҷид аз зумраи онҳо буданд.
🔹Ба ҷуз объектҳои наздисарҳадӣ, инчунин мактабҳо, шифохонаҳо, муассисаҳои ҷамъиятии фарҳангӣ, хонаҳои истиқоматӣ, инфрасохтор ва васоили иртиботот хароб шуданд. Пас пархошкор (агрессор) кист?
🔹Дар таърихи 20-солаи музокирот бо Қирғизистон мо даҳҳо протокол имзо кардаем. Аммо, бо гузашти вақту тағйири қувваҳои сиёсӣ дар қудрат, ин санадҳо таҷдиди назар мешаванд ва танҳо он муқаррароте, ки танҳо ба он тараф мақбул аст, мавриди иҷро қарор мегиранд.
🔹Ба ҳолати имрӯз, ҳар ду кишвар тавонистанд, то 602,5 км-и сарҳадро ҳамоҳанг намуда, шарҳи лоиҳавии онро омода намоянд, ки ин 61 фисад аз дарозии умумии онро ташкил медиҳад.
🔹Боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо такя ба бархӯрди яктарафа, ҷонибдорона ва аз пеш таъйиншуда шурӯъ аз солҳои 50-уми асри гузашта худсарона зиёда аз 2110 километри мураббаъ замини қонунан мансуб ба Тоҷикистонро ғасб намудааст. Ба ин нукта низ ҳамсояҳои мо ишора накарданд.
🔹Мехоҳам ба Маҷмаи Умумӣ иттилоъ диҳам, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати шарҳи гузариши хатти сарҳади давлатӣ мутобиқ ба тақсимоти марзӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ба созиш расидаанд.
🔹Маҳз ҳамин санадҳо ҳамаи тартиботу равишҳои конститутсиониро гузашта, аз ин лиҳоз заминаи ягонаи ҳуқуқии идомаи раванди музокиротро ташкил медиҳанд.
🔹Новобаста ба ин, ба мақсади нишон додани ҳусни ният ва хушоҳангии ҳадди аксар мо бо ҳамсояҳо розӣ шудем, ки ҳамчунин маводди комиссияи баробарии соли 1989-ро, ки Қирғизистон пешниҳод кард, истифода намоем.
🔹Мо омодаем, ки музокиротро идома диҳем ва муътақидем, ки мардумони тоҷику қирғиз ҳақ доранд ҳамроҳ дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ҳамоҳангӣ зиндагӣ ва эҷод кунанд.
🔹Тоҷикистон, ки ваҳшати низои дохилиро аз сар гузаронидааст, қадри сулҳро медонад ва ҳамаи талошҳои худро ба он равона мекунад, ки дар минтақаи мо суботу амният ҳукмфармо бошад.
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
“Талаби оташбас барои 30 рӯз ва мубодилаи асирон”. Мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Туркия оғоз ёфт
“Шиддати сиёсати муҳоҷират дар Русия боиси коҳиши вуруди муҳоҷирон гардид”
“Худоро фаромӯш накунед”. Абдурозиқ ба Душанбе баргашт ва бо “Азия-Плюс” мусоҳиба орост
Coca-Cola барои тағйироти нек рӯҳбаланд мекунад. Дар Тоҷикистон маъракаи “Бо кӣ ин Coca-Cola-ро тақсим мекунӣ?” оғоз ёфт
Боз як корхонаи насбу васл ва истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш дар Данғара бунёд мешавад
Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимовро ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Мусобиқаи давидан ва веломарафон дар Душанбе. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд
Кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000 санади калидии кори низомҳои энергетикиро имзо карданд
Боз як қаҳрамонии муҳоҷир дар Русия. Ӯ се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста