Дар чаҳорчӯби сафари расмии сарвари давлати Тоҷикистон ба Покистон байни кишварҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад, зимни суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф сарвари давлати Тоҷикистон изҳор намуд, ки мувофиқаҳои бадастомада дар баробари санадҳои баимзорасида, ба муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар такони тоза хоҳанд бахшид.

“Дар соҳаи нақлиёт мо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷиҳати роҳ ёфтани Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон бори дигар таъкид кардем”, - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Зикр шуд, ки ҷиҳати идома додани ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла лоиҳаи КАСА-1000, ҳавасмандӣ ба ҳузури ширкатҳои покистонӣ дар Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштарак, инчунин мушкилоти минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Гуфта мешавад, президенти Тоҷикистон аз Шаҳбоз Шариф даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад.

Сипас дар ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расиданд:
- Изҳороти муштараки ду кишвар;

Созишномаи тиҷорати транзитӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;
- Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Покистон (Идораи федеролии пардохтҳои Покистон) оид ба ташкили мубодилаи электронии маълумот;
- Созишнома байни Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсат оид ба стандратҳо ва назорати сифати Ҷумҳурии Исломии Покистон (PSQCA), Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ ва суистеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;
- Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шурои таҳқиқоти захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти бунёдӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расиданд.




Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста