Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад ва дар ин ҷашн ширкат меварзад. Дар ин бора бо такя ба як манбааш РИА “Новости” хабар медиҳад.
“Ба хотири ин чорабиниҳо бахшида ба 79‑умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Душанбе рӯзи 8‑уми май баргузор мешаванд”, - гуфтааст манбаъи хабаргузорӣ.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабари мазкурро ба Азия-Плюс тасддиқ ё рад накарданд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни як сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин аз роҳбари кишвари Русия барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ба муносибати таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав даъватнома дарёфт намуд.
Эмомалӣ Раҳмон меҳмони танҳо дар Маскав нахоҳад буд. Мувоффиқи иттилои Интерфакс, ки бо такя ба хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон навиштааст, “раисҷумҳури Қирғизистон Садир Жапаров рӯзҳои 8‑9 уми май дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба ширкат менамояд”.
Маълум нест, ки дигар роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар ин чорабинӣ ширкат мекунанд ва ё на.
Иштироки сарони кишварҳои ИДМ дар Рӯзи Ғалаба дар Маскав ҳамасола сурат мегирад. Бояд зикр намуд, ки соли гузашта низ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Маскав иштирок намуда буд.
Дар соли 2023 дар Рӯзи Ғалаба президентҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, ва сарвазири Арманистон иштирок намуда буданд.




Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста