Рӯзи 24 май дар Ашқобод ҷаласаи навбатии Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ иштирок мекунад.
Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар рӯзномаи ҷаласа 12 масъала зикр шудааст. Дар доираи маҳдуд аъзои Шӯро маъмулан атрофи масоили ҳамкории мутақобилаи иқтисодӣ дар Иттиҳод табодули назар мекунанд.
Дар доираи васеъ баррасии лоиҳаи Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва Нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба табиқи он, инчунин Нақшаи амал ҷиҳати ба сатҳи беҳтарин расонидани ҳолати зерсохтор ва рушди долонҳои байнулмилалии нақлиётӣ, ки аз қаламрави кишвраҳои узви ИДМ мегузаранд, пешниҳод шудааст.
Илова бар ин, дар ҷаласа қабули як қатор санадҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, саноати кимиёвӣ, муносибат бо партовҳои хатарнок ва муқовимат ба қонуншиканиҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ пешбинӣ шудааст.
Боз як масъалаи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарвазирон ба эълони Ашқобод ба сифати Шаҳри имконоти нави варзишии Иттиҳод дахл дорад.





Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста