Имрӯз, 27 май дар робита ба 20-солагии ба имзо расидани Аҳднома миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон байни сарони ин кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат Садир Жапаровро табрик намуда, зикр кард, ки “ин санади бунёдӣ асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои кишварҳои моро дар шароити нави давлатдорӣ таҳким бахшида, заминаи мусоиди рушди ҳамкориро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн фароҳам овард”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки татбиқи амалии муқаррароти Аҳднома дар оянда низ барои пешбурди босамари ин раванд бар асоси усулҳои созандагӣ, равобити дӯстона, ҳамсоягии нек, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ хизмат хоҳад кард.
“Дар ин зимн алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба идомаи муколамаи байнидавлатии ду кишвар ва талошҳои муштараки минбаъда ҷиҳати густариши бомароми робитаҳои гуногунҷанбаи ҷонибҳо таъкид менамоям”, - овардааст гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмонро хадамоти матбуот.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба Садир Жапаров сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти давлатиааш комёбиҳо ва ба мардуми Қирғизистон сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзу кардааст.
Дар навбати худ, президенти Қирғизистон Садир Жапаров низ Эмомалӣ Раҳмонро табрик карда, иҳори итминон кардааст, ки “таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар заминаи эҳтироми ҳамдигар, эътимод, ризоият ва баробарҳуқуқӣ заминаи зарурӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи дуҷониба ташкил дода, ҷавобгӯи манфиатҳои умумии мардумони мо мебошад”.
“Бовар дорам, ки мо дар такя ба натиҷаҳои мавҷуда ва бо талошҳои муштарак метавонем таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикии мардумони Қирғизистону Тоҷикистонро таъмин намоем”, - таъкид доштааст президенти кишвари ҳамсоя.
Жапаров ба сарвари давлати Тоҷикистон саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиаш муваффақият, инчунин ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно кардааст.




Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста