Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пешниҳод намуд, ки дар қаламрави вилояти Хатлон Маркази вокуниши гуманитарии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таъсис дода шавад.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ин пешниҳод аз ҷониби ӯ имрӯз, 21 июн дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмон дар шаҳри Алмато садо дод.
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, фаъолияти Марказ ҷиҳати вокуниши фаврӣ ба таҳдиду чолишҳо ва буҳронҳои башардӯстона (гуманитарӣ) нигаронида хоҳад шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин аҳаммияти анҷоми ҷараёни чандинсолаи гутушунидҳо оид ба таҳияи Барномаи ҳадафноки байнидавлатӣ оид ба таҳқими сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистонро таъкид дошта, ташаббуси ба имзо расонидани Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД-ро дар моҳи июли соли равон пешниҳод кард.
Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба мушкилоти тундгароӣ (радикализм)-и динӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.
“Барои минтақаи Осиёи Марказӣ ҷиддитарин таҳдид пешбурди афкору идеологияи тундгароии динӣ маҳсуб меёбад”, - иброз дошт ӯ.
Вазир инчунин доир ба зарурати коркарди ташаббус бобати роҳандозии системаи ҳифзи фазои иттилоотии СААД изҳори назар кард.
Ғайр аз ин, Сироҷиддин Муҳриддин омодагии Тоҷикистонро ба баргузории машқҳои муштараки “Рубеж-2024” бо иштироки воҳидҳои Неруҳои дастаҷамъии зудамали Созмон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ изҳор кард.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста