Дар Анҷумани IX Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), ки имрӯз, 24-уми декабр баргузор шуд, 13 аъзои ҳизб ҳамчун номзад ба интихоботи парлумонии соли оянда пешниҳод шуданд. Дар ин бора аз ҲАТ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Аз ҳизб гуфтанд, дар анҷуман, ки вакилон аз кумитаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ иштирок доштанд, масъалаҳои иштироки ҳизб дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо ва барномаи пешазинтихоботии он баррасӣ гардиданд.
Дар анҷуман, Рустам Латифзода, ки ҳоло раиси ҳизб аст, дубора роҳбари ҲАТ интихоб гардидааст.

Ҳамчунин, ҲАТ номзадии "13 аъзои фаъоли ҳизб"-ро ба интихоботи парлумонии соли оянда пешниҳод кардааст:
- Рустам Латифзода, вакили ҳозираи парлумон;
- Фазлидлин Икромӣ, вакили ҳозираи парлумон;
- Бахтиёр Аҳмадзода, вакили ҳозираи парлумон;
- Неъматулло Холбойзода, вакили ҳозираи парлумон;
- Нуралӣ Ниязов, директори генералии ҶСП «ТаадЭс»;
- Бобоҷон Қодиров, директори КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Деваштич;
- Муродҷон Исоқов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд;
- Мансур Усмонзода, вакили ҳозираи парлумон;
- Муҳайё Ҳотамова, муаллими калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;
- Мирзоанвар Ахмедов, вакили ҳозираи парлумон;
- Одилҷон Абдуллозода мудири кафедраи фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
- Сино Аюбов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ;
- Ҷилваи Шоназар, сардори шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 2005 аз сӯи Вазорати адлияи кишвар сабти ном шуд. Амир Қароқулов, ки он замон ноиби президенти Акадамияи кишоварзии Тоҷикистон буд, раиси ҳизб интихоб шуд ва то соли 2014 роҳбари он буд. Дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар 2006 Амир Қароқулов ба ҳайси номзад ба маснади раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ин ҳизб иштирок кард.
Дар ноябри соли 2011 Анҷумани 4-уми Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Амир Қароқуловро барои боз панҷ соли дигар ба раҳбарии ин ҳизб баргузиданд.
Дар интихоботи президентии соли 2013 ин ҳизб Толиббек Бухориев, ки он замон узви пайвастаи Академияи кишоварзии кишвар буд, ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешниҳорд кард.
Пас аз даргузашти Амир Қароқулов дар соли 2014 Рустам Латифзода, ки он вақт раиси ноҳияи Восеъ буд, раҳбари ҳизби интихоб гашт.
ҲАТ дар интихоботи президентии соли 2020 Растам Латифозадро номзад ба президентии Тоҷикистон пешбарӣ кард.
Ҳоло дастикам 6 аъзои ҲАТ вакили парлумон мебошанд ва ин ба онҳо имкон додааст, ки дар парлумон фраксияи ҳизбро ташкил кунанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ сабт шудааст, аммо коршиносони мустақил, аксари онҳоро “ҳизбҳои киссагӣ” медонанд ва мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон ба ғайр аз ҲАТ, инчунин ҲХДТ номи 28 номзади худ, ҲДТ исми 5 намояндаи хеш ва ҲСТ 6 номзади худро барои ширкат дар интихобот эълон кардаанд.
Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) чанд рӯз пеш шумори эҳтимолии овоздиҳандагон дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2025-ро бештар аз 5,5 миллион нафар эълон кард.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста