Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ бо Александр Лукашенко, президенти Белорус масъалаҳои кунунии рӯзномаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардааст.
Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, суҳбати телефонӣ имрӯз 26-уми феврал сурат гирифт ва дар он ҷонибҳо тадбирҳои минбаъдаро ҷиҳати густариши ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд муайян намуданд.
“Ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом ёфта, аҳамияти идомаи ҳамкории судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид гардид”, - гуфта мешавад дар хабарномаи хадамиоти матбуотӣ.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Белорус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст.
Соли 1997 сафорати Тоҷикистон дар Белорус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе сафорати Белорус дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.
Санадҳои бунёдгузоре, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро байни ду кишвар муайян менамоянд, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Белорус аз 5 апрели соли 2000 ва Аҳдномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Белорус аз 27 июни соли 2019 ба ҳисоб мераванд.
Дар маҷмӯъ, байни Тоҷикистон ва Белорус зиёда аз 100 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста