Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз мақомоти Русия даъват кард, ки ба масъалаи муносибати дағал бо муҳоҷирони корӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бобур Усмонов чанде пеш бо сафири Русия дар Тошканд Олег Малгин вохӯрд. Тавре ки Газета.уз менависад, хабарҳои нигаронкунанда дар бораи риоя нашудани ҳуқуқҳои муҳоҷирони кории ӯзбек дар қаламрави Русия аз мавзӯъҳои асосии вохӯрӣ буд.

ВКХ Ӯзбекистон аз зиёд шудани ҳолатҳои бадрафторӣ нисбат ба шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Русия фаъолият мекунанд, изҳори нигаронӣ намуд.

Бобур Усмонов таъкид доштааст, ки чунин рафтору амал ба меъёр ва қонунҳои кишвари будубош мухолифанд.

Ҷониби Ӯзбекистон аз мақомоти Русия дархост намудааст, ки далелҳои зикршударо дақиқан мавриди санҷиш қарор дода, нигаронии Тошкандро дар ин робита ба мақомоти марбутаи Русия расонанд.

Ҷонибҳо ҳамчнуин самтҳои калидии ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, ҷадвали музокироту вохӯриҳои минбаъдаро дар сатҳи баланд баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар бораи идомаи ҳамкории мутақобила ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Русия дар ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил шуд.

Акс аз ВКХ Ӯзбекистон

Қобили зикр аст, ки ахиран Ӯзбекистон ба масъалаи ҳимоя аз муҳоҷирон бештар таваҷҷуҳ мекунад. Рӯзи 30 апрел дар Маскав вохӯрии ҳайтаҳои Додситонии кулли Ӯзбекистон ва Русия доир гардида, дар он ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба тадбирҳои назорат аз болои риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони машғули кор дар ҳарду кишвар тақвият бахшида шавад.

Ин изҳороти ВКХ Ӯзбекистон замоне садо медиҳад, ки ахиран рейдҳои зидди муҳоҷирон дар Русия хеле дағалу бадрафторона сурат мегиранд. Қаблан дар ҳаммоми “Бодрост” дар Маскав муҳоҷирони Қирғизистон ба таври оммавӣ ва бо ин гуна рафтору муносибат боздошт шуда буданд.

Аз оғози соли 2025 рейдҳои зидди муҳоҷирон дар Русия афзуданд. Ба ҷуз бозору ҷойҳои ҷамъиятӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ акнун клубҳои варзишӣ ва дигар ҷойҳоро низ санҷида, муҳоҷирони ғайриқонунинро ихроҷ ва ба шаҳрвандоне, ки шиносномаи Русия доранд, ба комиссариати ҳарбӣ даъватнома медиҳанд.

Аз 5 феврал дар Русия тартиби нави ихроҷ амал мекунад: акнун ВКД ба ихроҷи муҳоҷирон бидуни қарори додгоҳ ҳуқуқ дорад. Қаблан танҳо додгоҳҳо ва Хадамоти марзбонӣ чунин ҳуқуқ доштанд.

Дар ҳамин ҳол, президенти Русия муҳлати қонунӣ гардонидани мақоми будубош дар қаламрави Русияро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ тамдид кард - то 10 сентябри соли 2025.

То ин муҳлат муҳоҷирон бояд мақоми ҳуқуқии худро танзим созанд ё қаламрави Русияро тарк кунанд. Дар аввал ин муҳлат то 30 апрел муқаррар шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.