Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати расмии Жээнбек Кулубоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Бишкек, пойтахти ин кишвар рафт. Дар доираи ин сафар ҷонибҳо масоили кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунанд.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин сафар ду рӯз – 30-уми июн ва 1-уми июл идома карда, дар чаҳорчӯби он музокироти вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор мешавад.
Инчунин имрӯз дар шаҳри Чолпон-Ота ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) низ баргузор мегардад.
Ба навиштаи хабаргузории “Казинформ”, дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви СААД масоили мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ба масоили муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин таҳдидҳои нав, аз ҷумла, киберамният ва чолишҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус карда мешавад.
Интизор меравад, ки дар доираи ин чорабинӣ як қатор санадҳои муҳим ба имзо расонида шаванд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узв ва рушди ташаббусҳои муштарак нигаронида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13-уми марти соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.
Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 сол боз баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Парлумонҳои ҳар ду кишвар рӯзҳои 18-19 март ин шартномаро ба тасвиб расониданд.
Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳад бо Қирғизистонро дар ин пайванд хонед.




Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста