Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора, дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвари ҳамсоя хабар медиҳад.

Омодагӣ ба ин сафар дар ҷараёни мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Жээнбек Кулубаев дар шаҳри Бишкек баррасӣ шудааст. Рӯзи дақиқи сафари раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон ҳанӯз эълом нашудааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати мақомоти кишвари ҳамсоя бо сафари расмӣ дар Қирғизистон қарор дорад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳокима гардидаанд.

Масъалаи анҷоми марзбандии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз мавзуъҳои дигари баррасишуда дар ин вохӯрӣ будааст. Вазирон таъкид кардаанд, ки ҳалли ниҳоии ин масъала қадами муҳиме ба сӯи таъмини субот ва сулҳи пойдор дар минтақа хоҳад буд.

Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷараёни сафари худ ба Қирғизистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  (СААД), ки шаҳри Чолпон-Ота доир шуд, низ ширкат кардааст. Дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви СААД масоили мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.