Аз 23 то 26 июл президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Сафар бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи ин сафар мулоқотҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ дар назар буда, инчунин имзои як қатор санадҳoи дуҷонибаи ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон начандон дар ҳоли рушд қарор доранд, зеро ҳарду кишвар ҳам бештар таҳвилгарони маҳсулоти ашёи хом мебошанд.
Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Муғулистон дар зарфи 5 моҳи соли 2025 ҳамагӣ ҳудуди 172 ҳазор долларро ташкил дода, ҳамаи ин маблағ ба воридоти маҳсулот аз Муғулистон ба ҷумҳурии мо рост меояд.
Соли 2024 ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 50,8 ҳазор долларро ташкил дод, ки аз миқдор бо 43,5 ҳазор доллар аз Муғулистон ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид шуда, боқимонда 7,3 ҳазор долларро содирот аз Тоҷикистон ташкил медиҳад.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста