Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Қосим-Жомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон аз ҷумла, густариши муносибатҳои байнипарламентӣ миёни ду кишвар, бо “Ордени Дӯстӣ” дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти шаҳрдори Душанбе хабар дода, навиштааст, ки маросими тақдими орден дар Кохи сафеди шаҳри Остона баргузор гардидааст.
Тоқаев саҳми Рустами Эмомалиро дар густариши муносибатҳои неку ҳамсоягии ду кишвари дӯсту бародар арзанда арзёбӣ кардааст.
Бояд гуфт, Рустами Эмомалӣ субҳи дирӯз, 26-уми август бо сафари расмӣ ба Қазоқистон рафт ва бо мақомҳои расмии ин кишвар дидору мулоқот кард.
Аз ҷумла дар мулоқот бо Қосим-Жомарт Тоқаев “паёму таманниёти гарму самимии” раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро расонид ва масоили марбут ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин ӯ бо Маулен Ашимбаев, раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот анҷом дод.
“Зимни мулоқоти хосаи роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистону Қазоқистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд”, - навишт дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе.

Дар доираи ин сафар Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таърих ва ваҳдату ягонагии мардуми Қазоқистон дар назди маҷмааи “Муҳофизони Ватан” гулчанбар гузошт.
Ҳамчунин, аз технопарки байналмилалии Астана Ҳаб (Astana Hub) боздид кард.
Иттилоъ дода шуд, ки Астана Ҳаб яке аз калонтарин технопарки байналмилалии стартапҳои иттилоотию технологӣ (IT) дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Раванди мазкур соли 2018 бо мақсади дастгирӣ ва рушди ширкатҳои технологии Қазоқистону кишварҳои хориҷӣ таъсис дода шуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ нигаронида шудааст.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста