Ҳамлаи Исроил ба Давлати Қатар “таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишвари ба мо бародар” аст. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 15-уми сентябр дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар зимни ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иброз дошт.
Ҷаласаи изтирорӣ ва ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баъди ҳамлаи Исроил ба мақари роҳбарони гурӯҳи “Ҳамос” дар Давҳа, бо даъвати Давлати Қатар баргузор мегардад. Дар он роҳбарон ва мақомҳои аршади кишварҳои арабӣ ва исломӣ иштирок хоҳанд дошт.
Зимни суханронӣ дар ин ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон аз Исроил ном нагирифт, вале гуфт, “бори дигар ин амали таҷовузкоронаро, ки поймолкунии дағалонаву ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва усулҳои бунёдии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад, қотеона маҳкум мекунем”.
Пештар аз ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бо нашри изҳорот ҳамлаи Исроил ба Қатарро қотеъона маҳкум карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, атрофи ҳаводиси дар Ховари Миёна ҷараёндошта андешаронӣ карда, аз “вазъи фоҷеабори инсонӣ дар Навори Ғазза” ва то ҳанӯз бароварда нашудани “ормонҳои мардуми Фаластин” изҳори таассуф кард.

Ӯ гуфт, “ҳама гуна амалкардҳои хушунатомез дар минтақа имрӯз боиси афзоиши ташаннуҷ ва сар задани ихтилофоти нав мегарданд ва онҳо, бахусус, ба раванди музокироту муколама ҷиҳати расидан ба сулҳу суботи пойдор дар минтақа монеа эҷод мекунанд”.
Дар робита ба ин ва дар шароити мураккабу печидаи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон “таҳкими ҳамбастагии беш аз пеши уммати мусулмонро зарур шумурд”.
Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар ба ҳайси мизбон ба ҳозирин аз ҳамлаи 9-уми сентябр ба Давҳа иттилоъ дода, зикр кард, ки дар пайи он 6 нафар, аз ҷумла як низомии кишвараш кушта шуд ва 19 нафар ҷароҳат бардошт.

Ӯ Исроилро муттаҳам кард, ки ҳадафи аслиаш ба хок яксон кардани Ғазза аст, на озод кардани шаҳрвандонаш аз асорати “Ҳамос”.
“Озодии сарбозон ва ғайринизомиён аз авлавиятҳои онҳо нест. Музокирот барои онҳо танҳо як роҳи идомаи ҷанг бо дигар василаҳо, як тактикаи сиёсии ҳамроҳ бо амалиёти низомӣ ва кӯшиши гумроҳ кардани афкори ҷомеаи Исроил аст”, - зикр кард амири Қатар, менависад телевизиони “Ал-Ҷазира”.
Ӯ таъкид кард, ки “Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, талош дорад, ҷаҳони арабро ба минтақаи нуфузи худ табдил диҳад” ва “ба ҳар кишвари минтақа ҳар вақт, ки хоҳад, ҳамла кунад”.
Амири Қатар ҳамчунин гуфт, ки кишвар барои ҳифзи соҳибихтиёрии худ ҳама кори заруриро анҷом медиҳад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳамлаи Исроил ба Қатарро ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа маҳкум карданд ва аксари роҳбарони кишварҳои мусулмонӣ ба ваҳдат миёни ҳамдигар таъкид намуданд.
Аз ҷумла, Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон “таҷовузи густохонаи Исроил”-ро “фаротар аз як ҷиноят ва терроризм” номид.

Ӯ гуфт, ин “ҳамлаи аз пеш тарҳрезишуда бо ҳадафи аз байн бурдани талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба наслкушӣ дар Ғазза анҷом шуд”.
Пизишкиён таъкид кард, ки ҳамлаи Исроил ба Давҳа “бештар аз як ҷиноят аст” ва ин “эълони он аст, ки акнун қудрати низомӣ, на қонун таъинкунанда аст”.
Ӯ амалкарди Исроилро “тарҳрезишуда ва поксозии қавмӣ” дар минтақа номид ва таъкид кард, ки “ҳамла ба Давҳа нишон дод, ки ҳеҷ кишвари арабӣ ё мусулмонӣ аз таҷовузи Исроил дар амон нест” ва аз ҳозирин хост “бояд бо ҳам муттаҳид шавем”.
Кишварҳои иштиркдори ҷаласа тавофуқ кардаанд, ки низоми дифоъи муштарак ва барномаи амалкарди дастаҷамъиро таҳия ва аз ҳама иқдомоти Қатар барои вокуниш ба ҳамлаи Исроил пуштибонӣ хоҳанд кард.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста