Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) бар ин назаранд, ки Осиёи Марказӣ бинобар мавқеи стратегиаш ҳамчун пул миёни Осиё ва Аврупо, барои Ҳиндустон аз лиҳози ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
"Ҳиндустон муносибатҳои шариконаро бо ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тақвият бахшида, метавонад дар бисёр соҳаҳо навгониҳо пешниҳод намояд", - гуфта мешавад дар гузориши “Арзёбии муносибатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ: дарёфти манфиатҳои иқтисодӣ”.
Тавре ки арзёбии коршиносони БАОР нишон медиҳад, айни замон робитаҳои тиҷоратӣ байни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ чандон дар ҳоли рушд нест.
Ҳиссаи Осиёи Марказӣ дар гардиши умумии молу маҳсулот бо Ҳиндустон ҳамагӣ 0,1% ва ҳиссаи Ҳиндустон дар савдои дуҷониба бо Осиёи Марказӣ - 1%-ро ташкил медиҳад.
Маҳсулоти содиротии Ҳиндустон ба Осиёи Марказӣ аз маводи доруворӣ, таҷҳизоти барқӣ ва дастгоҳҳои механикӣ иборат буда, аз Осиёи Марказӣ ба Ҳиндустон маҳсулоти нафтӣ, нуриҳои минеарлӣ ва фулузот (металлҳо) содир карда мешаванд.

Таҳлилгарон номгӯйи маҳсулотеро таҳия кардаанд, ки метавонад мавриди таваҷҷуҳи содиркунандагони Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ бошад. Ҳиндустон барои содирот ба Осиёи Марказӣ метавонад дастгоҳҳо, воситаҳои нақлиёти заминӣ, мошин ва таҷҳизоти барқӣ, маҳсулоти дорусозӣ, таҷҳизоти оптикӣ ва ҷарроҳӣ, инчунин либос ва маводи кимиёвиро пешниҳод намояд.
Дар навбати худ, кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд содироти сӯзишвории минералӣ, нуриҳо, маҳсулоти кимиёи ғайриорганикӣ, фулузоти нодири зеризаминӣ ва дигар молҳоро ба Ҳиндустон афзоиш диҳанд.
Дар гузориш ҳамчунин самтҳои афзалиятнок барои ҳамкории минбаъда, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак ва роҳандозии шарикии технологӣ дар соҳаҳое чун нафту кимиё, энергетикаи барқароршаванда, саноати нассоҷӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ таъкид шудааст.
Барои тақвияти ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ БАОР чунин амалҳоро тавсия медиҳад:
- рушди савдо бо такя ба молу маҳсулоте, ки бартарияти бештар барои содиротро доранд;
- таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҳамкории фаъолонаи технологӣ барои интиқоли технология ва дониш;
- тавсеъаи дастрасии тиҷорати хурду миёна ба воситаҳои маблағгузорӣ ба савдо ва дигар хидматрасониҳои молиявӣ;
- содда гардонидан ва рақамисозии расмиёти тиҷорат ва гумрук;
- баланд бардоштани самаранокии кори нақлиёт ва логистика.





“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста