Душанбе. 7-уми октябр - Дирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар он Протоколи Аҳдномаи мамлакатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба тағйирёбии иқлим, ки 11- декабри соли 1997 дар Киото қабул шудааст, қарор дар бораи маблағгузорӣ барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои татбиқи барномаи рушди асосҳои иҷтимоиву тиббии беҳтар сохтани шароити зиндагӣ ва барқарор намудани қобилияти кории ветеранҳои ҷанг, иштирокчиёни муноқишаҳои маҳдуд, амалиёти сулҳҷӯёна ва осебдидагони амалиёти террористӣ дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давоми солҳои 2006-2010, протоколи ворид намудани тағироту иловаҳо ба Созишномаи эътирофи мутақобилаи ҳуқуқи рафту омади имтиёзноки маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин шахсони ҳуқуқашон ба онҳо баробаркардашуда аз 12 марти соли 1993, масъалаи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аҳдномаи Созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқукӣ муаллиф лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» ва нишондиҳандаҳои «Барномаи миёнамӯҳлати буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011» баррасӣ шуданд.
Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳбуба Нуриддинова ва Додихудо Саймуддинов роҷеъ ба моҳияти ин ҳуҷҷатҳои муҳим ибрози ақида карданд. Баъзе ҳуҷҷатҳои баррасишуда ба иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон ва баъзе ҳуҷҷатҳо барои такмилу таҷдид ва хулосабарорӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристода шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 декабри соли 2025
Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста