Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ба Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон оид ба иштироки намояндагони ҷумҳурӣ дар интихоботи парлумонии Туркманистон даъватнома расид.
Тавре роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳоло ҳайати намояндагони Тоҷикистон мушаххасан маълум нест, вале онҳо дар мониторинги ин маъракаи интихоботии кишвари ҳамсоя иштирок хоҳанд кард.
М.Додоҷонов изҳор дошт, ки мониторинги интихоботи парлумонии Туркманистон мувофиқи тарзҳои санҷидашуда бар асоси бетарафии сиёсӣ ва дахолат накардан ба ҷараёни баргузории интихобот амалӣ карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки маъракаи интихобот ба парлумони Туркманистон 14 декабри соли ҷорӣ баргузор мешавад.



Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста